
Баҳодур Давлатзода,
номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент, ректори
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Санъати мусиқӣ ҳамчун яке аз шохаҳои умдаи фарҳанги миллӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани завқу маърифат ва худшиносии миллӣ нақши арзанда доштааст. Бояд гуфт, ки ҳамеша мусиқии мо на танҳо василаи илҳом бахшидан ба мардум будааст, балки ҳамчун арзиши маънавӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти миллӣ рушд кардааст.
Мероси мусиқии тоҷикро бузургони илму фарҳанги тоҷик, аз Борбади Марвазӣ то Абунасри Форобӣ, аз Ҷомӣ то Дарвеш Алии Чангӣ ѓановатманд гардонида, асолат ва арзишмандии онро то ба рӯзгори мо оварда расонидаанд.
Дар ин замина, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ки аз таъсисёбиаш беш аз 20 сол сипарӣ гаштааст, нақши баѓоят муҳим ва таърихӣ дорад. Мавриди зикр аст, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов макони гиромидошти эҷод, даргоҳи ҳамбастагии илму ҳунар ва маркази пуштибонӣ аз мусиқии касбии тоҷик буда, ҳамчун фазои созандаи мусиқии касбӣ ва майдони муаррифии истеъдодҳои нав фаъолият мекунад. Даргоҳе, ки дар он баҳри рушди санъати миллӣ, таҳқиқи мероси мусиқии суннатӣ, эҷоди асарҳои нав ба нав ва рушди илмии соҳа талошҳои пайваста ба харҷ дода мешавад. Муассисае, ки мо имрӯз аз дастовардҳои тоза ба тозаи он ифтихор мекунем.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони Истиқлол таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мебошад. Ин муассисаи олии таълимӣ дар соли 2003 таъсис ёфта, ҳамчун маркази омӯзиш ва тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаи мусиқии академӣ, суннатӣ ва эстрадӣ амал мекунад. Таъсис ёфтани ин боргоҳи илму ҳунар ба ибтикори фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Далели равшан ин аст, ки маҳз бо ибтикори ин марди бузург Консерватория мақоми миллиро касб кардааст.
Шоистаи зикр аст, ки ин боргоҳи ҳунарӣ бо роҳбарии нахустин ректор ва композитори шинохта, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, устод Талабхӯҷа Сатторов ба фаъолияти худ оѓоз бахшида, дар омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи мусиқии касбӣ саҳми беназир гузоштааст. Ин буд, ки соли 2008 Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номгузорӣ шуд.
Дар давоми фаъолияти худ Консерватория беш аз ҳазор нафар мутахассисони соҳибкасбро дар самтҳои гуногуни мусиқӣ ба ҷомеа ироа намудааст, ки ин далели равшани яке аз даргоҳҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар будани ин муассиса мебошад.
Имрӯз Консерваторияи миллӣ ба як маркази нодир ва бемонанд дар самти омода намудани кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ табдил ёфтааст, ки дар рушди санъати мусиқии тоҷик, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва маърифати фарҳангии ҷомеа, тарбияи насли нави эҷодкор, мутрибону сарояндагони жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, композиторон, дирижёрон ва дигар ихтисосҳо саҳми шоиста мегузорад.
Перомуни нақши калидии ин муассиса дар рушди мусиқии касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «Дар даврони Истиқлолият Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳми арзанда дорад».
Ин андешаи Пешвои миллат бозгӯи он аст, ки таъсиси Консерваторияи миллӣ иқдоме саривақтӣ, асоснок ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои фарҳанги миллӣ дар шароити муосири рушди санъату фарҳанг мебошад. Таҷрибаи муваффақи омодасозии кадрҳо, сатҳи баланди таълимӣ ва эҷодӣ, низоми мукаммали омӯзиш дар ин муассиса шаҳодат аз дурустии ин иқдом медиҳад.
Ин боргоҳи ҳунар дар роҳандозии сатҳи сифатан нави таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ, омӯзиши санъати мусиқии суннатӣ ва мусиқии касбии муосир нақши калидӣ дорад. Аксари аъзои ҳунарӣ ва таълимии ин муассисаро хатмкардагони лаёқатманду кордони Консерваторияи миллӣ ташкил медиҳанд, ки имрӯз дар ҷодаҳои гуногуни соҳаи фарҳанг хидматҳои арзишманд кардан доранд.
Консерваторияи миллӣ тадқиқоти бунёдӣ ва амалиеро дар соҳаҳои гуногуни мусиқии суннатӣ, эҷодиёти композиторӣ ва илмҳои марбут ба соҳаи мусиқишиносиро ба роҳ мондааст, ки ба ин васила рушди ин соҳаҳоро пайваста густариш медиҳад. Ҳамзамон, беҳтарин ҳунармандони соҳибноми мамлакат ба сифати устодони соҳибтаҷриба ва эҷодкор ба ҷараёни таълим ҷалб шудаанд, ки амалӣ кардани ин кор яке аз вежагиҳои фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки хатмкардагони Консерваторияи миллӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва илмии кишвар аз чеҳраҳои маъруфу шинохта буда, бо унвонҳои давлатӣ, ҷоизаҳо, ифтихорномаҳо ва дипломҳо қадрдонӣ шудаанд. Онҳо бо фаъолияти касбие, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳанд, дар баланд бардоштани мақому манзалати мусиқии тоҷик саҳми арзишманд мегузоранд.
Яке аз дастовардҳои назаррасе, ки солҳои охир дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон амалӣ гардидааст, ин таҳия ва нашри маҷаллаи илмии «Мутриб» мебошад. Бо роҳандозии маҷаллаи мазкур муҳаққиқони Консерватория ва дигар муассисаҳои таълимии фарҳангӣ имкон пайдо мекунанд, ки мақолаҳои илмӣ ва оммавии худро перомуни паҳлуҳои гуногуни соҳаи фарҳанг, махсусан мусиқии суннатии тоҷик тавассути ин маҷалла ҳамагонӣ намояд.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шуъбаву бахшҳои гуногуне таҳти роҳбарии шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва фарҳангӣ амал мекунанд, ки самтҳои таълимиро роҳнамоӣ намуда, ба таҳия ва татбиқи стандартҳо, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, эҷоди асарҳои нав ва баланд бардоштани сифати корҳои таълимӣ-ҳунарӣ саҳми назаррас мегузоранд. Гузашта аз ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки аксари онҳо аз ҷумлаи ҳунармандони мумтози кишвар мебошанд, устодони ҷавонро дар ҷараёни таълиму тарбия ҳамаҷониба раҳнамоӣ мекунанд.
Дар Консерватория миллӣ ба такмили ихтисосии омӯзгорон диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳамасола бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ дар ин даргоҳи ҳунарию таълимӣ дарсҳои маҳорат, барномаҳои ҳунарию фарҳангии синфӣ ва дигар чорабиниҳои судманди касбӣ доир карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдомҳои тозаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро дастгирӣ карда, шароити таълиму тарбия ва фаъолияти муосири эҷодиро барои омӯзгорону донишҷӯёни ин даргоҳ фароҳам меорад.
Фаъолият кардани маркази вежаи операвӣ (студия), ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», оркестрҳои созҳои халқӣ, симфонӣ ва эстрадӣ, толорҳои машқу тамрини иҷро, китобхона ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз аз ҷумлаи имкониятҳое мебошанд, ки ба ин васила раванди таълиму тарбия дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамаҷониба таъмин карда мешавад.
Ҳамзамон, месазад тазаккур дод, аз рӯзи аввали таъсиси Консерватория то имрӯз дар самти таҳқиқоти илмӣ ва рушди илми мусиқишиносӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, Консерваторияро ба як маркази рушди илму амал ва таҷрибаи мусиқии касбӣ табдил додааст.
Муассисаи мо дар омода кардани композиторон (оҳангсозон), дирижёрон, иҷрокунандагон ва муҳаққиқони соҳа, ки ниёзҳои ниҳодҳои фарҳангиро бароварда месозанд, саҳми муассир дорад. Донишҷӯёну хатмкардагони Консерватория дар озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, пайваста сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Ин ҳама аз сифати баланди таълим ва меҳнати устодону донишҷӯён ин даргоҳи ҳунарию таълимӣ шаҳодат медиҳад.
Мехоҳам бо ифтихор зикр намоям, ки исми устод Талабхӯҷа Сатторов ба унвони нахустин ректори Консерватория ва композитори маъруф ба таври шоиста дар китоби таърихи фарҳанги тоҷик ва ин муассисаи фарҳангии таълимӣ сабт гаштааст, зеро ин марди бузург бо ҳунар, ташаббус ва фидокорӣ пояҳои ин боргоҳи ҳунариро асос гузоштааст.
Ҳамчунин, бояд бо эҳтиром зикр намуд, ки пас аз устод Талабхӯҷа Сатторов роҳбарии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба зиммаи шахсиятҳои масъулу кордон вогузор гардид. Аз ҷумла, ректори дувуми Консерватория Раҷабмад Амиров бо фаъолияти босамар дар таҳкими заминаҳои таълимӣ ва ташкилии муассиса саҳми назаррас гузоштааст. Дар идомаи ин раванд, Фароѓат Азизӣ ва Миралӣ Достизода ҳамчун роҳбарони ин боргоҳи ҳунарӣ бо такя ба таҷрибаи роҳбарӣ, дониши касбӣ ва диди навоварона дар рушди равандҳои таълимӣ, илмӣ ва эҷодии Консерватория нақши муассир бозидаанд. Фаъолияти онҳо дар густариши имкониятҳои таълимӣ, дастгирии ташаббусҳои илмӣ-эҷодӣ ва таҳкими мавқеи Консерваторияи миллӣ ҳамчун маркази пешбари мусиқии касбӣ дар кишвар сазовори қадрдонӣ мебошад. Хоса, саҳми доктори илми санъатшиносӣ, профессор, мусиқишиноси шинохта Фароѓат Азизӣ дар ташаккул ва таҳкими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун мактаби олии мусиқӣ басо назаррас мебошад. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ сохтори муассиса мутобиқ ба талаботи таҳсилоти олии касбии мусиқӣ шакл гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи равандҳои таълимӣ ва эҷодӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд. Дар ин давра оркестрҳои симфонӣ таъсис ёфта, баргузории шомҳои фалакхонӣ ва шашмақомхонӣ ба ҳукми анъана даромад, ки дар эҳё, ҳифз ва тарѓиби мероси мусиқии суннатии тоҷик нақши муҳим бозиданд.
Ҳамчунин, бо ибтикори доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароѓат Азизӣ ва дастгирии ректори ҳамонвақта Миралӣ Достизода маҷаллаи илмии «Мутриб» таъсис ёфта, ҳамчун минбари муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи мусиқишиносӣ мавқеи устувор пайдо кард. То имрӯз маҷаллаи мазкур дар шаш шумора ба нашр расида, барои муаррифии таҳқиқоти илмии муҳаққиқони ватанӣ, хориҷӣ, омӯзиши паҳлуҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷик, инчунин густариши робитаҳои илмии соҳа саҳми арзанда мегузорад.
Дар Консерваторияи миллӣ, ҳоло устодону ҳунармандони номвар, докторону номзадони илм, Ҳунарпешагони шоистаю халқӣ ва Арбобони ҳунар фаъолият мекунанд, ки дар тарбияи кадрҳои нави соҳаи ҳунарварӣ нақши муассир мебозанд. Барномаҳои эҷодӣ, озмоишгоҳҳои амалии мусиқӣ, ансамблҳо, оркестрҳо, ҳамоишҳо ва дарсҳои маҳорат (мастер-класс)-ҳо имкони мусоид фароҳам меоранд, ки насли ҷавон ҳунари худро дар сатҳи кишвар тақвият бахшида, ба ин васила фарҳанги волои мардуми тоҷикро дар олам муаррифӣ намоянд.



